24 Май 2021 - 10:16
Паёми табрики дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин ба Раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ

Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин пас аз пирӯзии муқовимати Фаластин дар ҷанги 12 рӯза бо режими саҳюнистӣ дар номае ба ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаӣ зимни ташаккур аз ҳимоятҳои Ҷумҳурии исломӣ дар ин набард, пирӯзии муқовимати Фаластинро ба раҳбари муъаззами Инқилоби Исломӣ табрик гуфт.

ABNA24 : Дар номаи Зиёд Ал Нахола, дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ, ки рӯзи шанбе мунташир шуд омадааст: бо ифтихор ва сарбаландӣ ба намояндагӣ аз тарафи худ ва бародаронам дар фармондеҳӣ ва размандагони Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ ва гурӯҳҳои Қудс, пирӯзии миллати Фаластину муқовимати сарафроз ва диловаршонро алайҳи душмани саҳюнистӣ ва истикбору туғёни ин режим, ба шумо табрик арз мекунам.

Вай афзуд, ҳимоятҳо ва пуштибониҳои доимӣ, мустамар ва ошкоратон дар ҳамаи арсаҳо, бузургтарину барҷастатарин нақшро дар набарди «Сайф ал Қудс» ва дастовадрҳои ношӣ аз он ифо кард;

Размандагони муқовимат бо вуҷуди бартариҳои низомӣ, ки душман дар даст дошт, бо тамоми қудрат, иқтидор, шуҷоат ва диловарӣ дар ин набард по ба майдон гузоштанд.

  • Паёми Раҳбари муъаззами инқилоб ба миллати Фаластин дар пайи пирӯзии муқовимат бар режими саҳюнистӣ

Зиёд Ал Нахола(Ziyad al-Nakhalah) тасреҳ кард, миллату муқовимати Фаластин дар саҳнае, ки ҳамаи муъминони ҷаҳонро хушнӯд кард, бинии душманонро ба хок молиду режими саҳюнистиро бори дигар сусттар аз хонаи анкабут, ҷилва дод.

Дабири кулли Ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ изофа кард, дар ин лаҳазоти таърихӣ аз шумо ва бародаронамон дар нерӯи Қудс бисёр ташаккур мекунам, ки дар солҳои тӯлонӣ гом ба гом ҳамроҳи мо буда ва ҳар тавоноӣ, илму кумакеро, ки дар даст доштанд бо ихлоси беназири худ ба мо тақдим карданд то инки чунин рӯзи азиз ва пурбаракате ба армағон омад.

Вай таъкид кард, лозим медонам шаҳиди азиз ва фармондеҳи маҳбӯбмон Ҳоҷқосими Сулаймониро ба ёд оварам, ки бо шаҳодати худ мақом ва манзалати бузургеро ба даст оварад ва ба дурустӣ, ки дар ин лаҳазоти таърихӣ ҷои холии эшон барои мо эҳсос мешавад.

342/